
Салимова Майрам, зани 65-сола, солҳои зиёд аст, ки бо бародар ва янгааш зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди бемориҳои вазнин ва чандин ҷарроҳӣ, аз ҷумла бардоштани санги талхадон ва гузоштани эндопротез ба пояш, ӯ то ҳол маҷбур аст кор кунад. Баъдан ӯро мошине мезанад ва ҳоло пои дигараш низ шадидан дард мекунад ва барои гузоштани эндопротез ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ниёз дорад. Маоши ками 600-700 сомонӣ танҳо барои хӯрок мерасад, на барои табобат. Марям ҳар рӯз бо чигас, дарди тоқатфарсо ва чеҳраи пур аз сабр ба кор меравад, то зиндагиро ба ҳар қимат идома диҳад.
Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ҷарроҳии ӯро ба души худ гирифтем ва масрафи ҷарроҳиро пурра пардохт мекунем. Дуо мекунем Аллоҳи меҳрубон ба Апаи Марям шифои комил ато фармояд.🤲
Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад.🤲