Ёдатон ба хайр Дамирбеки азиз!

Просмотров: 130, 609   |   Загружено: 3 год.
icon
JM Company
icon
988
icon
Скачать
iconПодробнее о видео
Бо шунидани хабари марги фоҷиавии ҳунарманди ояндадори тоҷик, шогирди азизам, Дамирбек Олимов, ки ҳамчун фарзандам дӯсташ медоштам хеле андӯҳгин гаштам.
Марги нобаҳангоми Дамирбек барои ман ва барои санъати тоҷик талафоти хеле калон аст. Дамирбек Олимов воқеан санъаткори эҷодкор ва ояндадор буд, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда бо суруду таронаҳои дилпазир ва пурмаъно ҳам дар дохили кишвар ва ҳам давлатҳои хориҷи дуру наздик обрӯву эҳтироми баланд пайдо карда буд. Санъати тоҷикро дар минтақаҳои гуногуни олам муаррифи намуд ва ман аз шогирд ва фарзанди азизам умедҳои хеле калон доштам. Ӯ яке аз ҳунармандони эҷодкор буд, ки дар давоми умри кӯтоҳи худ ҳам дар санъати шашмақомхони дар ансамбли «Нури Хуҷанд» ва ҳам дар санъати муосир дар ансамбли «Садои Суғд» барои пешрафт ва рушди санъати суннатии тоҷик ва эстрада саҳми назаррас гузошт.
Санъат ва ҳаётро хеле дӯст медошт ва бо суруду таронаҳояш ба муаммоҳои замон ҷавоб мегуфт ва мардумро барои дӯст доштани ҳамдигар ҳидоят мекард. Ба назари ман Худованд Дамирбекро барои санъат ва санъатро барои ӯ офарида буд. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда ҳамеша кӯшиш мекард, ки бо инсонҳои фархангӣ ва аҳли илму адаб ҳамсӯҳбат бошад.
Бо фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ номи ӯ бо сурудҳояш ба ҷовидонаҳо сабт гардид.
Ба аҳли оила ва хешу пайвандони шогирдам ва фарзанди азизам Дамирбек Олимов ҳамдардии амиқ изҳор мекунам ва барои ҳамагон ба хусус падару модар ва ҳамсару фарзандонаш аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонам!
Ёдаш ба хайр ва манзили охираташ обод бошад! Омин!
Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов

Похожие видео

Добавлено: 55 год.
Добавил:
  © 2019-2021
  Ёдатон ба хайр Дамирбеки азиз! - RusLar.Me