
Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 тоҷикистониҳо ба хонаҳояшон $5,8 миллиард интиқол додаанд, ки мутақобил ба $16 миллион доллар ҳар рӯз аст. Ҳар панҷум хонадон дар Тоҷикистон бо ёрии ин пулҳо тавонист дастархон кушояд, пардохтҳо анҷом диҳад, фарзандонро ба мактаб фиристад ва тиҷорати худашро оғоз кунад, ки ин ҳама бо заҳмати шумо, муҳоҷирон ба даст омадааст. Шумо ба оилаҳои худ кӯмак мекунед ва дар баробари ин — ба рушди тамоми иқтисод, ба пешрафти тамоми кишвар мусоидат мекунед.
16-уми июн рӯзи хос аст — Рӯзи байналмилалии интиқолҳои пулии оилавӣ. Ва дар ин рӯз мо дар бораи он муҳоҷироне қисса хоҳем кард, ки дар маҳалҳояшон инфрасохтори иҷтимоӣ месозанд, тиҷорат мекунанд ё шароити зиндагии шоиста барои оилаҳояшон эҷод мекунанд.