
🇹🇯🇵🇰Низомиёни Тоҷикистону Покистон давоми 6 рӯз, аз 4 то 9-уми август дар пойгоҳи “Фахробод”-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар подгон (гарнизон)-и вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор кардаанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин размоиш наздики 100 нафар хидматчиёни ҳарбии дутараф ширкат карда, “роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар самти мубориза алайҳи терроризмро намоиш доданд”.
Шуъбаи робитаи умумии артиши Покистон дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, ки дар тамринҳои муштарак 4 дастаи размии нерӯҳои махсуси Тоҷикистон ва 2 тими ҷангии артиши Покистон иштирок доштанд.
“Ҳамаи ҳадафҳои омӯзишӣ ва дипломатияи низомӣ бомуваффақият иҷро гардиданд. Низомиёни ҳар ду кишвар сатҳи баландтарини маҳорати касбиро дар ҷараёни баргузории машқҳо нишон доданд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи Шуъбаи робитаи умумии артиши Покистон.
Ҳадафи размоиши низомии ду кишвар такмили машқҳо, равиш ва усулҳои амалиёти зиддитеррористӣ тавассути омӯзиши муштарак, инчунин, тақвияти робитаҳои низомии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст.
Дар маросими анҷоми тамринҳои муштарак, ки мақомдорони баландпояи низомии ду кишвар ширкат доштаанд, ба як қатор ширкаткунандагони фаъоли машуҳо медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо тақдим шудааст.
Веб-сайт:
Facebook:
Instagram:
#точикистон #asiaplus