Кӣ ғолиби озмуни аксбардории "Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон" шуд

Просмотров: 258   |   Загружено: 20 час.
icon
Аsia-Plus TV
icon
3
icon
Скачать
iconПодробнее о видео
Озмуни ҷумҳуриявии аксбардорӣ таҳти унвони «Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон – бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии “Ховар” роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Мақсад ва талаботи ин озмун нишон додани зебогиҳои бинои Парлумон ва Ҳукумати кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз зеботарин биноҳо дар Осиёи Миёна аст.

Ғолиби асосии ин озмун Дидор Саъдуллоев, яке аз аккосони маъруфи Тоҷикистон, дониста шуд. Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ин чорабинӣ дар бинои Сафорати Чин дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он намояндагони расмии ҳар ду ҷониб, иштирокчиёни ин озмун ва расонаҳо ширкат варзиданд.

Озмун ба ифтихори рӯйдоди муҳими таърихӣ — ифтитоҳи маҷмааи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯмаки бебозгашти Чин бунёд гардиданд, бахшида шуда буд.

Ин маросим моҳи июли соли 2024 бо ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир гардида буд.

Мавзӯъҳои аксҳо зебоии меъмории навбунёд, тағйироти фаслҳо, эҳсосоти мардум ва равобити дӯстонаи миёни ду кишварро фаро мегирифтанд.

Ҳамаи иштирокчиён ба ин озмун 1 ё то 5 аксҳои худро дар формати JPG/JPEG бо сифати баланд (на камтар аз 300 dpi) пешниҳод намуданд. Танҳо аксҳое қабул шуданд, ки аслӣ ва бе истифода аз зеҳни сунъӣ буданд. Баъди санҷиш ғолибон муайян ва тӯҳфаҳо ба онҳо супорида шуд:

Ғолибони озмун бо мукофотҳои зерин қадрдонӣ шуданд:

Ҷойи якум (1 нафар) – Диплом ва 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм (3 нафар) – Диплом ва 5 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм (6 нафар) – Диплом ва 3 000 сомонӣ

Мукофоти фахрӣ (20 нафар) – Диплом ва армуғонҳои миллӣ аз Чин

Ҳамчунин, ҳамаи иштирокчиёни озмун бо шаҳодатно
Веб-сайт:
Facebook:
Instagram:
#точикистон #asiaplus

Похожие видео

Добавлено: 55 год.
Добавил:
  © 2019-2021
  Кӣ ғолиби озмуни аксбардории 'Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон' шуд - RusLar.Me